Оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 13 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ шурӯъ намуд.Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзо, намояндагони воломақом аз кишварҳои нозир ва шарикон барои муколама ба ҳам омадаанд.Дар ин ҳамоиш масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, таъмини амну субот ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии миёни кишварҳои аъзои созмон баррасӣ мегардад.Аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиш имзои чанд санади муҳим, аз ҷумла Эъломияи Бишкекии сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






