Оғози Конфронси 57-уми умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ дар Вена
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- 16 сентябри соли 2013 дар Вена Конфронси 57-уми умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ) ба кори худ оғоз кард. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов дар кори конфронс ширкат варзид. Рӯзномаи ҷаласаи ифтитоҳии конфронс аз масъалаҳои интихобу таъйини шахсони масъул ва кумитаи умумӣ, баррасии муроҷиатҳо оид ба узвият ба агентӣ, муроҷиати Дабири кулли СММ, муҳокимаи асосӣ ва ироаи гузориши солона барои соли 2012 иборат буд. Инчунин дар ҷаласаи мазкури Конфонси умумӣ Юкие Амано ба ҳайси Мудири кулли Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ба муҳлати чор соли оянда аз нав тасдиқ гардид. Хотирнишон месозем, ки Конфронси 57-уми умумии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ кори худро то 20 сентябри соли ҷорӣ давом хоҳад дод








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






