Оғози сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ховалинг
Душанбе, 29 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон додан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф овард.Иштирок дар оғози навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг, мавриди истифода қарор додани Маркази дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд барои 120 нафар, ифтитоҳи мактаб-интернат барои 320 хонанда ва як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳамчунин мулоқоту суҳбатҳо бо мардуми касбу кори гуногун аз бандҳои асосии барномаи сафари корӣ ба ин ноҳияи кӯҳистон мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






