Пардабардорӣ аз болои муҷҷасамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва ба истифода додани бинои нави ҳукумати ноҳияи Рашт
Душанбе, 25 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Рашт парда аз болои муҷҷасамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти бинои нави мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои зертобеъи он расман оғоз бахшид.Дар саҳни бинои нави мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Парчам ва Нишони давлатӣ қомат афрохта, дар атрофи он фавораҳо низ бунёд гардидааст.Бинои мақомот аз 4 ошёна иборат буда, бо маблағи 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шуда, дорои 75 утоқи корӣ ва 2 толори маҷлисгоҳ мебошад.Ба истифода додани иншооти мазкур имконият медиҳад, ки ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, ки қаблан дар биноҳо ба шакли иҷора нишаста, фаъолият мекарданд, бо утоқҳои кории дорои шароити мусоид ва замонавӣ таъмин гардиданд.Тамоми утоқҳои бинои нави мақомоти иҷроия бо лавозимоти зарурӣ ва техникаи компютерӣ ҷиҳозонида шуда, кормандон дар шароити арзанда фаъолият хоҳанд намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






