Пардабардорӣ аз болои пайкараи Спитамен
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар маркази ноҳия бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маросими пардабардорӣ аз болои пайкараи чорметраи қаҳрамони таърихии миллати тоҷик Спитамен баргузор гардид.Тавре аён гардид, дар атрофи пайкара бо номи ин шахсияти таърихӣ гулгашти зебою дилнишине бунёд ёфтааст, ки аллакай ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони ноҳияи Спитамен табдил ёфтааст.Дар ҳудуди гулгашт 4 фаввораи ранга ва ду айвонча, 49 сутун ва девори баландиаш чорметраи нимдоира дар пушти пайкараи Спитамен бо нақшу нигори замони ориёиҳо ва манзараҳои тамошобоби дигар ба назар мерасад.Гузоштани пайкараи ин шахсияти бузурги таърихӣ омили муҳим барои омӯзиши рӯзгори гузаштаи пуршуҳрати ниёгонамон ва сабақомӯзӣ барои рушди ояндаи давлатдории мустақилли Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






