Пешниҳоди номзадии Э. Раҳмон ба мансаби Президенти ҶТ аз ҷониби ИҶТ

Сентябрь 21, 2013 12:35

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар асоси қарори Раёсатти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ )аз 20-уми июни соли ҷорӣ имрӯз, 21-уми сентябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» Анҷумани 10-уми ИҶТ баргузор гардид. Дар Анҷуман 1100 вакил, намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.  Дар Анҷуман, ки бо суханронии Раиси ИҶТ Маликшо Неъматов оғоз ёфт, чор масъала, аз ҷумла ҳисоботи фаъолияти ИҶТ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба барномаи ИҶТ, пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ИҶТ ва масъалаҳои кадрӣ баррасӣ гардид. Тибқи масъалаи якум оид ба фаъолияти ИҶТ дар давраи солҳои 2010-2013 Раиси Иттифоқ М. Неъматов баромад намуда, иброз дошт, ки то имрӯз ба аъзогии ИҶТ зиёда аз 150 ҳазор ҷавон шомил мебошад, ки онҳо дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, беҳтар гардонидани имконоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди маънавию фарҳангӣ дар кишвар саҳмгузоранд. Вобаста ба масъалаи дуюм ва чорум вакилон баромад ва муҳокимаронӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Аз рӯи масъалаи сеюм- оид ба пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз шаҳри Душанбе, ҷоизадори бозиҳои ХХХ олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева баромад намуда, оид ба дастовардҳои халқи тоҷик, бахусус ҷавонону варзишгарондар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд. Инчунин, М. Чориева дар бораи хизматҳои пайвастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бобати таъмини сулҳу субот, ваҳдату якпорчагӣ, эҳёи иқтисодии кишвар сухан гуфта, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар баробари ин, кули иштирокчиён- вакилони Анҷуман масъалаи пешбарӣ намудани Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона дастгирӣ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур қарори дахлдори Анҷуман қабул карда шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирии Эмомалии Раҳмон ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Сентябрь 21, 2013 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд