Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангӣ бо кишвари дўсту ҳамҷавори Чин аз 21 то 26-уми сентябри соли ҷорӣ Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд, ки ба ҳайати ширкаткунандагони чорабинӣ намояндагони аҳли фарҳангу ҳунари кишвари Чин — беҳтарин овозхонон, гуруҳҳои рақсӣ, акробатҳо ва дигарон шомил мебошанд. Расми ботантанаи ифтитоҳи Рўзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон 23- юми сентябри соли 2013, соати 18-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






