Рӯзи дарҳои кушодаи Лаҳистон дар Тоҷикстон
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 18 сентябр дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дарҳои кушодаи Лаҳистон дар Тоҷикистон семинар баргузор гардид.Мақсад аз роҳандозии семинар вусъат бахшидани равобити ҳамаҷонибаи иқтисодию тиҷоратии миёни Лаҳистону Тоҷикистон буд.Дар ин чорабинӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова, мушовири шӯъбаи мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории Сафорати Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ӯзбекистон Славомир Стшалковски, ҳамчунин намояндагони бархе ширкатҳои манфиатдори Тоҷикистон ва соҳибкорони инфиродӣ ширкат доштанд.Дар ҷараёни семинар зикр шуд, ки ба туфайли рушди босуръати иқтисодиёт имрӯз ширкатҳои Лаҳистон амволи мухталифи хушсифатро манзури бозори ҷаҳон менамоянд.Дар хотима ҳамтои лаҳистонӣ зикр намуд, ки ширкатҳои кишвараш ҳам дар бозори Аврупо ва ҳам дар кишварҳои аъзои ИДМ таҷрибаи зиёди кор андӯхта ва ҷонибдори бо мушорикони тоҷикистониашон ривоҷу равнқ додани ҳамкорианд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






