Раддияи МТС назди Президенти ҶТ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-9 сентябри соли 2013 дар сомонаи (сайти) «ЦентрАзия» таҳти унвони «Исломишавии Осиёи Марказӣ чун омили равандҳои ҷаҳонии геополитикӣ» мақолае ба нашр расид. Муаллифи ин мақола Саттор Мирзо зикр гардидааст ва гӯё ки мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита, ба маълумоти хонандагони гиромӣ мерасонем, ки чунин шахс корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ нест ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ ба таҳияи мақолаи мазкур ҳеҷ гуна алоқае надорад. Мо ҳамаи далелҳои дар мақола овардаи ин муаллифро беасос мешуморем ва бо нуқтаи назари муаллиф мувофиқ нестем. Дар бораи шахсияти муаллиф низ маълумоте надорем. Ва умуман бо чунин ном дар Точикистон на рӯзноманигоре ва на олиме фаъолият намекунад. Ин кори душманони миллати точик мебошад, ки онҳо мехоҳанд фазои сиёсии Тоҷикистони азизро ноором нишон диҳанд ва бо ин роҳ ба имиҷи Тоҷикистон латма ворид намоянд,-таъкид шудааст дар раддияи Маркази матбуоти МТС назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






