«Равшан» — ро бохти техникӣ таҳдид мекунад
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Клуби футболи «Равшан» — ро бинобар риоя накардани тартиби бозӣ ҳангоми вохӯрӣ бо дастаи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон бохти техникӣ таҳдид мекунад. Хотирнишон месозем, ки ин вохӯрӣ 18 сентябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, бо ҳисоби ду бар як ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфта буд.Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарияти дастаи «Парвоз» аз натиҷаи вохӯрии навбатӣ барои дарёфти Ҷоми ҷумҳурӣ расман эътироз баён карданд. Мувофиқи суханони сармураббии дастаи «Парвоз» Алиёр Ашӯрмамадов, дар даври дуюми бозӣ дастаи «Равшан» ба ҷойи бозингари 19 – сола Саидхон Амрохон ба майдон бозингари хориҷӣ Гершон Акуффоро ба майдон баромад, ки ин маънои вайрон кардани тартиби бозиро дошт.Эътирози дастаи «Парвоз» дар ҷаласаи Кумитаи назоратии Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар сурати ба таври қаноатманд ҳал шудани ин масъала, дастаи «Парвоз» ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар вохӯрии нимниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон бо дастаи «Истиқлол» — и шаҳри Душанбе қувваозмоӣ намояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






