Рушди инклюзивӣ (фарогир) дар Тоҷикистон
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Ню – Йорки ИМА мизи мудаввари «Ҳамкорию мушорикати байналмилалию минтақавӣ ба нафъи маъюбон: Рушди инклюзивӣ» баргузор гардид. Назар ба хабари намояндаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ӯҳда дошт. Маҳмадамин Маҳмадаминов зимни суханрониаш зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани вазъияти мусоиди сармоягузорӣ, пиёда намудани сиёсати бахши буҷа, рушду густариши иқтисодиёт ва таъмини шуғли аҳолӣ чораҳои зарурӣ мебинад. Дар натиҷаи ин солҳои охир муяссар шуд, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ба куллӣ коҳиш дода шавад. Вазир иброз дошт, ки дар кишвар заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, ки таҳкурсии ҳуқуқӣ ва иқтисодию ташкилии ҳифзи иҷтимоии маъюбон, барои онҳо фароҳам овардани имконияти баробар ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар ҷамъиятро мегузорад.Мувофиқи суханони Маҳмадамин Маҳмадаминов, тайи солҳои охир ҳамкорӣ бо мададгорон, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ҳамчунин бо созмонҳои мухталифи ғайриҳукуматӣ ба манзури эъмори ҷомеаи кушода ва дастрасу баробарҳуқуқ барои маъюбон хеле вусъат дода шуд. Зимни ҳамкорӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки рушди Осиё ва бархе кишварҳо ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии мардуми кишвар ҷиҳати бунёди ҷомеаи инклюзивӣ ва таъмини имкониятҳои гуногун барои маъюбон сурат мегирад.Вазир дар хотима зикр намуд, ки рушди инклюзивӣ ва бунёди ҷомеаи кушода ва дастрасу баробарҳуқуқ барои маъюбон фақат бо роҳи рушду густариш бахшидани ҳамкории байналмилалию минтақавӣ, ҳамчунин мушорикати фаъоли иҷтимоии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор имконпазир аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






