Рушди саноати туристӣ-омили пешрафти кишвар
Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бахшида ба Рӯзи байналмилалии туризм имрӯз дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Рушди саноати туристӣ-омили пешрафт» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ташкилотҳои хориҷие, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳое, ки дар самти туризм фаъолият доранд, соҳибкорону саҳмдорони соҳа, кормандони бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои пойтахт иштирок доштанд.Иштирокдорон дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла, туризми экологӣ дар Тоҷикистон, истифодаи самараноки сарватҳои обӣ дар рушди туризм, нақши сайёҳии табобатию истироҳатӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолат ва дурнамои туризм дар шаҳри Душанбе маърӯза карда, андешаҳои худро баён намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






