Сабаби сӯхтор- истифодаи нодурусти ноқилҳои барқӣ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Рӯзи 10 сентябри соли 2013 дар манзили истиқоматии шаҳрванд Юсупов Наимҷон, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Холматов, дар масоҳати 49 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷа болопӯши манзили истиқоматӣ сӯхта нобуд шудааст. Зарари расида 1980 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 21:40-дақиқа дар манзили истиқоматии шаҳрванд Ҳакимов Зариф, сокини ноҳияи Истаравшан, деҳаи Боғи-Калон, дар масоҳати 28 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷа болопӯши манзили истиқоматӣ ва ашёҳои рӯзгор сӯхта нобуд шуданд. Зарари расида 2480 сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани ҳар ду сӯхтор истифодаи нодурусти ноқилҳои барқӣ мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






