Садамаи нақлиётии марговар дар Данғара

Сентябрь 30, 2013 14:31

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар садамаи нақлиётие, ки дирӯз дар километри 85-уми шоҳроҳи Душанбе -Кӯлоб ба вуқуъ пайваст, 2 нафар ҳалок ва 7 нафар зарар дид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ронандаи мошини тамғаи «Opel Astra» ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 85-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи « Nissan Cefiro» , таҳти идораи ронанда Баҳриддин Файзов бархӯрда, сипас ба мошини тамғаи«Opel Astra», ронандааш Абдулло Гураев бархӯрдааст.Дар натиҷаи садама, ронандаи мшини «Opel Astra» З. Давлатов ва мусофири мошини мазкур Шаҳноза Акрамова, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 3 мусофири дигари мошини мазкур, инчунин ронандаи мошини дигари «Опел-Астра» А. Гураев ва 3 мусофири он бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Сентябрь 30, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш