Сафари гуруҳи нахустини зоирон ба Арабистони Саудӣ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф). — Парвози гуруҳи нахустини зоирин имрӯз соати 6-и субҳ тариқи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ — 2013» ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шуруъ намуд. Парвозҳо аз шаҳри Душанбе ба самти Арабистони Саудӣ дар ҳавопаймои Боинг 757-200 иҷро гардида, нахустин гуруҳи зоирин иборат аз 210 нафар аз «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба шаҳри Мадина оғоз шуданд. Ёдрас мешавем, ки ҶСК «Тоҷик Эйр» тибқи муқаррарот аз 21-уми сентябр то 1-уми октябри соли равон бо иҷрои 13 парвоз қисме аз зоиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда интиқол дода, аз санаи 19-уми октябр то 2-юми ноябр бо иҷрои 13 парвози дигар ҳоҷиёни Тоҷикистонро ба ватан бармегардонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






