Сафари кории Қоҳир Расулзода ба шаҳри Чкалов
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Нимаи дуввуми рӯзи гузашта раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Чкалов сафари корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни ин сафар раиси вилоят Қоҳир Расулзода сараввал бо ҷараёни корҳои таъмиру навсозии бинои Дастаи зудамали РВКД дар вилояти Суғд ошно гардид.
Бояд гуфт, ки барои таъмири ин бинои маъмурӣ аз буҷаи вилоят 379 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинои хизматии дастаи зудамал аз таъмири куллӣ бароварда шуда, барои хизматчиён тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони хобгоҳ барои устодони Мактаби президентӣ шинос шуд. Тавре ки аён гардид, корҳо дар арафаи анҷомёбӣ буда, сохтмончиён дар айни ҳол ба корҳои рангу бордиҳӣ ва ободонии атроф машғуланд.
Аз дафтари матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз чор ошёна иборат буда, бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ мешавад. Он аз 46 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат аст. Ин хонаҳо қабл аз ҳама ба омӯзгорони Мактаби президентӣ, ки ба манзилгоҳ ниёзманданд, супорида мешавад.
Қоҳир Расулзода аз хобгоҳи мазкур дидан карда, барои анҷоми босифати корҳо ва ободонии атрофи бино ба шахсони масъул супориш дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






