Сафири Тоҷикистон ба Президенти Федералии Австрия Эътимоднома супорид
Душанбе, 19 сентябр (АМИТ «Хвоар»).- 17 сентябри соли 2013 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Исматулло Насрединов ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия доктор Ҳайнтс Фишер Эътимоднома супорид. Баъди анҷоми маросим суҳбати Президент Ҳайнтс Фишер бо Сафири Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Мушовири Президенти Австрия оид ба корҳои сиёсӣ, Дабири кулл ва Мудири кулли Вазорати федералӣ оид ба корҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ, дурнамои муносибатҳо, инчунин атрофи авзои сиёсию иҷтимоии минтақа ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар намуданд. Президенти Федералии Австрия доктор Ҳайнтс Фишер бо изҳори қаноатмандӣ таассуроти неки худро аз сафари расмиаш ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ва мулоқоти хосса бо Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён дошт. Сафири Тоҷикистон Исматулло Насрединов дар навбати худ таъкид кард, ки барои густариши равобити неки миёни ду кишвари дӯст талош хоҳад кард. Дар фарҷоми мулоқот, доктор Ҳайнтс Фишер паёми самимии худро ба ҳамтои тоҷикаш – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон расонид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






