Сенатор аз ваколаташ истифода хоҳад намуд
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Сафари гуруҳи парлумонии Сенати Фаронса ба Тоҷикистон дар тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаронса самараи нек медиҳад», гуфт раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мулоқоташ бо гуруҳи парлумонии Сенати Фаронса, ки таҳти роҳбарии сенатор — Андре Дюле дар Душанбе қарор дорад. Зикр гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтидори парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Мусоҳибон ҳамзамон доир ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, коркарди сарватҳои зеризаминӣ, хусусан ҷараёни корҳои иктишофи нафту газ ва истифодаи манбаъҳои алтернативӣ барои истеҳсоли нерӯи барқ ибрози назар карданд. Дар ин росто раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат таъкид кард, ки Тоҷикистон омодааст ҷиҳати истифодаи захираҳои обӣ бо кишварҳои минтақа ҳамкории мутақобиларо минбаъд низ роҳандозӣ намояд.
Сенатори фаронсавӣ — Андре Дюле дар навбати худ афзуд, ки бо истифода аз ваколати ба зиммадоштааш бобати таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ хусусан байни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Фаронса тадбирҳои судманд меандешад.
Таъкид гардид, ки фаъолияти гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Фаронса ҳадафрас хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






