Сертификат барои дучархасаворон
Суғд, 23 сенябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- 20 сентябри соли 2013 дар маҷлисгоҳи факултети № 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба хатми аввалин гуруҳи дучархасаворони милитсия чорабинӣ баргузор гардид. Гуруҳи мазкур дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои курси омўзишии занони милитсия дар асоси мавзўи «Баланд бардоштани мақоми зан дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» аз тарафи гуруҳи кории «Эмерҷенс груп» тавсия шудааст. Сардори факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Носир Назаров дар бораи саҳми занон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва нақши ташкилотҳои хориҷӣ дар фаъолияти минбаъдаи милитсия ба тариқи мушаххас маълумот дод. Дар чорабинӣ ба 10 нафар занони милитсия, ки дар муддати 40 рўз курсҳои омўзишии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, этика, кодекси ахлоқ, патрули тактикаи дучархасаворӣ, истифодаи қувва, усулҳои худмуҳофизатӣ, стандартҳои риояи ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ, хушунати оилавӣ, тафтишоти хушунати ҷинсӣ, омўзиши равонӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораи муноқишаҳо дучархасавориро омўхта буданд, сертификати хатми курс аз тарафи «Эмерҷенс груп» дода шуд.Дар қисмати дуюми барномаи чорабиниҳо ҳайати хатмкунандагон маҳорату малакаи хешро аз рўи дучархасаворӣ бо ҳашт усул ба ҳозирин намоиш доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






