Шиносоbb Президент бо рафти сохтмони шифохонаи бисёрсоҳа
Душанбе, 4 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони иншооти азими соҳаи тандурустии пойтахт-шифохонаи бисёрсоҳа бо 650 кати хоб, ки ҳамчунин дорои дармонгоҳ бо имкони 800 қабул дар як баст ва осоишгоҳ бо 200 кат ҳоҳад буд, шинос шуда, ду дармонгоҳ ва як озмоишгоҳи муосири навбунёдро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.Тавре аён гардид, шифохонаи бисёрсоҳаи шаҳрӣ дар майдони 11 гектари шафати маркази ҷумҳуриявии ташхиси бемориҳо дар хиёбони Неъмат Қаробоеви пойтахт дар ҳоли сохтмон қарор дорад. Ин шифохонаи бузург ва муосир бо харҷи беш аз 400 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо шароити муоинаю ташхис, муолиҷа ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир навтарину беҳтарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд.Ин шифохонаи дорои 650 кати хоб бо дармонгоҳи дорои имкони 800 қабул дар як басти корӣ ва осоишгоҳи муосир бо 200 кати хоб аз 35 биною иншооти таъиноти гуногуни аз як то нуҳошёна иборат хоҳад буд. Осоишгоҳи ин муассиса дорои беҳтарин шароити табобату тавонбахшӣ ва истироҳату фароғат, аз ҷумла физиотерапия, ҳаммомҳои туркию финӣ, толору майдонҳои варзишӣ, боғи зимистона ва дигар мавзеъҳои дилнишин хоҳад буд.Дар сохтмони ин иншоот ҳоло беш аз 700 нафар бинокорон бо кор таъмин гардидаанд, ки ҳар яке вобаста ба дараҷаи тахассус ва ҳаҷми кор аз 700 то 3000 сомонӣ маош мегиранд.Пас аз ба кор даромадани ин шифохона, ба моҳи ноябри соли 2014 ба нақша гирифта шудааст, беш аз 2000 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






