Шўрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисории ИДМ 20 -сола шуд
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).-Дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия ҷаласаи ҷашнии 20-солагии таъсиси Шўрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ, инчунин чорабинии байналмилалии ҳамасолаи «Рўзи рақобат дар Русия» баргузор гардид,ки дар кори он сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҶТ Ҳамдам Тағоймуродов ва сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ Акбар Хоҷаев иштирок намуданд. Тавре ки дар ин бора аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд, дар рўзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди сиёсати зиддиинҳисорӣ дар давлатҳои иштирокчии ИДМ, натиҷаҳои тафтиши муштарак оид ба вайрон намудани қонунҳои зиддиинҳисорӣ, вазъи рақобат дар бозори дорувории давлатҳои иштирокчии ИДМ, қонуни моделӣ «Оид ба ҳимояи рақобат», чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ташкили Шўрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ баррасӣ гардиданд.Инчунин Барномаи «Рўзи рақобат дар Русия» якчанд чорабинӣ бо иштироки намояндагони ҳукумати Федератсияи Русия, мақомоти маҳаллӣ, роҳбарон ва чеҳраҳои идораҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шўрои Аврупо, Созмони Миллали Муттаҳид, Кумитаи муштараки иқтисодӣ, инчунин намояндагони дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои минтақавии Хадамоти федеролии зиддимонополии Русия ва давлатҳои Аврупову Осиёро дар бар гирифт. Сардори хадамот Ҳамдам Тағоймуродов барои ҳиссагузорӣ дар рушди ҳамкории давлатҳои иштирокчии ИДМ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи рақобат ва 20-солагии таъсиси Шўрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин бо фармони Хадамоти федеролии зиддимонополии Русия, Акбар Хоҷаев барои саҳми босазо дар рушди ҳамкории Тоҷикистону-Русия дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ, иштироки фаъолона дар фаъолияти Шўрои байнидавлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ ва Ситоди тафтиши муштарак оид ба вайрон намудани қонунҳои зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии ИДМ бо Ифтихорномаи фахрӣ қадрдонӣ шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






