Синфхонаҳои нави Донишкадаи молиявию иқтисодӣ
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар Донишкадаи молиявию иқтисодии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи дониш» ҷамъомад доир шуд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва коркунони дигари масъули Вазорати молия ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада вохӯрданд.
Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ва меҳмонон дар маросими тамошои суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Рӯзи дониш» бо рағбату рӯҳбаландии бепоён иштирок намуданд.
Вазири молияи Тоҷикистон С.Наҷмуддинов изҳори боварӣ намуд, ки донишкада ҳамаи вазифаҳои дар наздаш гузошташударо дар мавриди таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси низоми молиявӣ ва иқтисоди кишвар иҷро хоҳад намуд.
Сипас роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон дар маросими ифтитоҳи ботантанаи синфхонаҳои нави дорои 550 ҷойи нишаст, ки бо таҷҳизоти муосир таъминанд, иштирок намуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






