Сохтмони 4 корхонаи маводи сохтмон то охири сол
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Нақшаи амал оид ба таъсисёбии корхонаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» дар соҳаи масолеҳи сохтмони соли 2013-ум ба истифода додани 23 корхонаи хурду миёна пешбинӣ шудааст. Аз ин миқдор дар зарфи 8 моҳ 20 корхона бо таъсиси 627 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, корхонаҳои нави истеҳсоли семент дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Конибодом, истеҳсоли хишт дар ноҳияҳои Спитамен, Ваҳдат, Ҷилликўл, Мастчоҳ, Турсунзода, Рўдакӣ, Сарбанд, қуму шағал дар ноҳияҳои Шўрообод, Фархор, Хуросон, Рўдакӣ, Ҳисор, шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуданд.Дар айни замон сохтмони 4 корхонаи дигар идома дошта, он то охири сол фаъол гардонида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






