Супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тиб
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- 5 сентябр дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Вазорати тандурустӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи тантанавӣ вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯров, муовинони вазир, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва фаъолони соҳа ширкат доштанд. Ҳамасола фаъолони ҳамаи соҳаҳо ба ифтихори солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, рутбаҳои олии ҳарбию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз мегарданд. Имсол низ якчанд нафар корманд ва мутахассиси варзидаи соҳаи тандурустӣ бо чунин мукофот сарфароз гардиданд. 10 нафар корманди соҳаи тиб бо медали «Хизмати шоиста» ва 8 нафар шаҳрванд бо унвони ифтихории «Донори ифтихории Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






