Супоридани мукофотҳои давлатӣ ба маорифчиён
Душанбе, 4 сентябр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бахшида ба 22-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ ходимони соҳаи маориф бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ҷамъомад вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умриддин Юсуфов сухан гуфта, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шахсони арзандаеро, ки дар соҳаи маориф хизматҳои назаррас кардаанд, табрик намуда, мукофотҳои давлатиро супурданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки соҳаи маориф сол аз сол рушд ёфта, соҳаи асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






