Сюзан Эллиот аз МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дидан кард
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз, 13-уми сентябри соли равон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Штатҳои Муттаҳдаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Сюзан Эллиот ва Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон — М.Маҳмадаминов аз МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»» ва МД «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон » дидан карданд. Дар рафти шиносоӣ аз МД «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ»» хонум Сюзан Эллиот бо машғулияти кўдакони имконияташон маҳдуд, таълими меҳнати кўдакон, намудҳои тавонбахшӣ, ҳуҷраҳои табобатию истироҳатӣ, омўзиши модарон аз нигоҳубини кўдакони маъюб ва вазъи будубоши бошандагон аз наздик шинос гардида, дар барномаи консертӣ, ки аз ҷониби кўдакони имконияташон маҳдуд омода шуда буд, иштирок намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя намуданд. Сипас, хонум Сюзан Эллиот ба МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» ташриф оварда, аз фаъолият ва ҷараёни касбомўзӣ дар ин муассиса шиносоӣ пайдо кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






