ТҶММ озмуни шеъру оҳангро эълон кард
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шоирон озмуни ҷумҳуриявии матни шеъри беҳтарин барои суруди ташкилоти мазкурро эълон кардааст. Ба ин озмун аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ матнҳои шеърӣ ирсол гардидаанд, ки он 25 шеърро дар бар мегирад. Аввали моҳи октябр ҳайати ҳакамон иборат аз намояндагони Иттифоқи нависандагон, шеърҳоро таҳлил намуда, аз байни онҳо суруди ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ-ро интихоб хоҳанд кард. Дар давраи дуюм ба шеъри беҳтарин барои интихоби мусиқӣ миёни бастакорон озмуни иловагӣ эълон мегардад. Аз рўи шартҳои озмун шеър оҳанги мутантан дошта, ба қолаби сурудҳои ҳарбӣ мутобиқ бояд бошад. Дар айни ҳол маҳсули қалами шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Сайидалии Маъмур, Давлат Сафар, Олимхон Исматӣ, Исфандиёр, Раънои Зоирдухт ва дигарон, ки саршори ғояҳои ватандўстианд, пешниҳод гардидаанд. Тавре ки аз хадамоти матбуотии ТҶММ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, баъди ҷамъбасти озмун ба ғолиб аз тарафи ТҶММ мукофоти пулӣ супорида мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






