Таҳлили вазъияти иқтисодии Осиё
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асаналӣ Карамалиев бо аъзои ҳайати олимақом оид ба ҳамгироии иқтисодии минтақавии Бонки рушди Осиё бо роҳбарии мутахассиси калон Лей Лей Сонг ва иқтисоддон Номото Такааки баргузор гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз сафари ҳайат иборат аз интишори ҳисобот дар мавзӯи «Таҳлили ҳамгироии иқтисодӣ дар Осиё», ҷалби таваҷҷӯҳ ба масоили таъмини бахши тиҷорату истеҳсолот, ҳамгироии молиявӣ ва инфрасохтор ва ғайра мебошад.Зимни мулоқот перомуни доираи васеи масъалаҳо мубодилаи афкор барпо гардида, ба меҳмонон дар бораи сохтор, вазифаҳо ва фаъолияти бисёрҷонибаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






