Таҳсили аъзои ПСС ҶТ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо ҳайати Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, аз ҷумла бо мушовири бахши тарҳрезии лоиҳаҳо Масаё Мураками ва ҳамоҳангсози барномаҳо Тоҷиддин Наҷмиддинов мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмонон изҳор доштанд, ки ҳамкориро бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рушди бахши инфиродӣ ривоҷ хоҳанд дод. Дар робита бо ин, ҷониби Ҷопон пешниҳод намуд, ки барои аъзои Палатаи савдо ва саноати ҶТ семинарҳо доир карда шаванд.Назар ба гуфтаи Масаё Мураками, мавзӯъҳои асосии семинарҳо иборат аз содирот, рушди соҳибкорӣ, назорати сифати маҳсулот ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра мебошад.Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ пешниҳодро дар мавриди доир намудани семинарҳо ва таҳсили мутахассисони бахшҳои мухталиф пазируфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






