Талабот ба нерӯи барқ меафзояд
Кӯлоб, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). — Дар ноҳияи Шӯрообод бо нерӯи барқ таъмин намудани ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ. инчунин сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, дар ин самт мақомоти иҷроия пайваста тадбирҳо меандешанд. Дар ин давра корҳои асосӣ ва ҷорӣ дар зеристгоҳҳои барқ зери назорати мутахассисони соҳа қарор дошта, таъмиру таҷдиди хатҳои барқ ва корҳои тайёрӣ ба тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ идома доранд. Дар ин давра ба истеъмолкунандагон ба миқдори 11 миллиону 381 ҳазору 890 киловатт/ соат нерӯи барқ дода шудааст, ки маблағи он 118 ҳазору 947 сомониро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии маблағҳо зиёда аз 939 ҳазору 800 сомониро ташкил дода, ба 80 фоизи маблағи барқи гирифташуда баробар мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






