Таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор

Сентябрь 3, 2013 15:48

Восеъ, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Восеъ   ҷалби шаҳрвандон  ба  Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гардида, дар 7 моҳи соли ҷорӣ  оид ба масъалаи шуғл 1374 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора  502 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Бинобар иттилои  сардори раёсат Маҳмадисо Қурбонов   дар ин давра  мувофиқи барномаи нақшаи касбомӯзӣ  188  нафар  ба  омӯзиши касб  фаро гирифта шуда, ба онҳо касбҳои  мутахассиси компютер, дӯзандагӣ, кафшергарӣ, таъмиргари мошин ва дигар касбҳои  гуногун омӯзонида мешаванд. 
Аз тарафи кормандони раёсат то ин дам 7 ярмаркаи  ҷойи кор  ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар он 11 ташкилоту муассиса ширкат варзида, 254  ҷои кор пешниҳод гардид, ки дар натиҷа аз ҳисоби шахсони корҷӯй 48 нафар ба ҷои кори доимӣ  таъмин гардида,188 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.

Сентябрь 3, 2013 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд