Ташаккули «Равзанаи ягона» оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ

Сентябрь 26, 2013 09:24

Душанбе, 26 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо 25 сентябр роҳбарияти олии ширкати «INTRASOFT International S.A.» ба намояндагони тарафҳои манфиатдори асосӣ аз ҷумлаи ташкилотҳои давлатӣ ҷиҳати ба кор даровардани барномаи таъминотии системаи нав ва оғози марҳилаи татбиқи пилотии лоиҳа, муаррифинома гузаронд. Дар муаррифинома дастовардҳои лоиҳаро аз оғози фаъолияти он дар моҳи июни 2012 таъкид карданд ва ба иштироккунандагон ҳадафҳои марҳилаи татбиқи пилотиро муаррифӣ намуданд. Чунин лоиҳаи муҳим оид ба кӯмак ба тиҷорат ҳамоҳангсозии байнимуассисавӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафти интернетиро дар назар дошта, бо соддагардонии тиҷорати байналхалқӣ ба операторони тиҷорати ҳориҷӣ фоидаи калон меоварад, самаранокӣ ва шафофияти фаъолияти Ҳукумат ва ҳамчунин боигарии миллии онро зиёд мекунад. Пас аз муаррифӣ баҳсу мунозира байни иштирокунандагон сурат гирифт. Дар моҳи июни соли 2012 Иттиҳоди Аврупо ва ширкати «Intrasoft International S.A.» шартномаи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии таъсиси Равзанаи ягона оид ба расмиёти воридотию содиротӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. «Intrasoft International S.A.» системаи Равзанаи ягонаро сохта, онро дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона» — назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, инчунин дар панҷ маркази вилоятӣ ва ёздаҳ (11) муассисаи давлатӣ ва дигар ташкилотҳои воридшуда ба кор медарорад.«Intrasoft International S.A.» аллакай марҳилаи лоиҳакашӣ ва марҳилаи тайёр карданро, ки дар ин марҳила барномаи таъминотии система тайёр карда ва санҷида шуда буд, ба анҷом расонид. Дар айни ҳол лоиҳа дар марҳилаи татбиқ қарор дорад. Дар ин марҳила барномаи таъминотӣ барои санҷиши пилотӣ дар ду муассисаи давлатӣ (Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар се (3) маркази ноҳиявӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа ба кор дароварда шудааст. Омӯзишҳои пешакии марҳилаи татбиқи пилотӣ аллакай оғоз гардидаанд. Татбиқи пилотии лоиҳа ду (2) моҳи тақвимиро дар бар хоҳад гирифт.

Сентябрь 26, 2013 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!