Ташрифи Борунес Саеда Варси ба Тоҷикистон
Душанбе, 4 сентябр (АМИТ «Ховар»).- 6 Сентябр Вазири Давлатии Вазорати Корҳои Хориҷии Бритониё Борунес Саеда Варси ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард. Ин аввалин сафари вазири Давлатии Вазорати корҳои Хориҷии Бритониё ба Тоҷикистон аст. Яке аз салоҳиятҳои Борунесс Варси равобити Бритониё бо Осиёи миёна буда, ин ташриф аз равобитҳои густарда ва рӯ ба инкишофи байни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад. Масъалаҳои гуногуни марбут ба ҳамкори дар сатҳи байналмилалӣ, амният ва осоиштагӣ дар Осиёи Миёна, тиҷорат ва сармоягузорӣ, саҳми Бритониё ва ширкатҳои бритониёӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон матраҳ хоҳанд шуд. Зимни сафар, Борунес Варси бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, инчунин бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон вохӯрӣ анҷом хоҳад дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






