Таъсиси дидбонгоҳҳо дар вилояти Суғд
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор, бо дастгирии бевоситаи ҳукумати вилояти Суғд, инчунин бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии (РХДО) вилояти мазкур ва сокинони ҷамоати Хистеварз, кормандони ХДО вилояти Суғд бо тариқи ҳашар сохтмони бинои дидбонгоҳи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишониро оғоз намуда, дар муддати се моҳ ба истифода доданд, ки он бо ду адад нақлиёти оташнишонии муосир ва бо 19 адад воҳидҳои корӣ ба фаъолият шуруъ намуд.Дар ифтитоҳи дидбонгоҳ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ширкат варзида, ба сокинони ҷамоат, кормандони ХДО ва нафароне, ки дар сохтмони бино саҳм гузоштаанд, минатдорӣ баён намуд.Ҳамчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, роҳбарияти ВКД, СХДО ва РХДО вилояти Суғд дар баробари сохта ба фаъолият пардохтани кӯдакистони Президентӣ бо 1000 ҷойи хоб дар шаҳри Хуҷанд, боз як дидбонгоҳи алоҳидаи ХДО оид ба муҳофизати кӯдакистони Президентӣ қомат афрохта, бо як адад нақлиёти оташнишонӣ ва 14 нафар ҳайати шахсиву роҳбарикунанда низ ба фаъолият шуруъ намуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, дар фарҷоми чорабинӣ сардори СХДО полковники хизмати дохилӣ Мирулло Шарифов ба раиси вилояти Суғд барои дастгирии бевосита изҳори миннатдорӣ намуда, медали 85-солагии ХДО-ро тақдим намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






