Таъсиси фабрикаи ресандагӣ дар Фархор
Фархор, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Масъулини ҶДММ «Адолат-А»-и ноҳияи Фархор тасмим гирифтаанд, ки дар дохили корхона фабрикаи ресандагии бо таҷҳизоти навтарини олмонӣ муҷаҳҳазро ба маблағи 7 миллион доллари амрикоӣ таъсис дода, беш аз 300 нафар бекоронро ба ҷои кори доимӣ таъмин намоянд. Ба иттилои директори корхона Сайвалӣ Неъматов масоҳати ҷойгиршавии фабрика 4,5 гектарро дар бар гирифта, иқтидори коркард вобаста ба воридшавии ашёи хом дар назар дошта шудааст. Сохтмони бино аз моҳи ноябри соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар нимаи дуюми соли 2014-ум ба истифода дода мешавад. То ин муддат ба корхона 1200 тонна пахта ворид гардида, аз ин шумора беш аз 300 тоннаи он коркард шудааст. Мавриди зикр аст, ки корхона бо 750 хоҷагии деҳқонӣ шартнома дошта, бо нархи 650 долларӣ ашёи хомро аз хоҷагиҳо мехарад. Корхона дар ду баст фаъолият дошта, дар он 100 нафар коргар ба коркарди пахта сафарбар гардидаву музди миёнаи маоши онҳо аз 600 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






