Тоҷикистон — шарики фаъоли Чин
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Бо даъвати кумитаи тадорукотии ЭКСПО «Чин – АвруОсиё — 2013» ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубхон Давлатов дар маросими ботантана ба муносибати ифтитоҳи Намоишгоҳ – ярмаркаи 3 — уми байналмилалии ЭКСПО «Чин – АвруОсиё – 2013» дар шаҳри Урумчи иштирок намуд. Ба ҳайати Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов шомиланд. Матлубхон Давлатов аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин барои даъват ба кори намоишгоҳи 3 – юми ЭКСПО «Чин – АвруОсиё», ҳамчунин ба директори Кумитаи иҷроияи ЭКСПО «Чин – АвруОсиё – 2013» Ши Даган барои ташкили гуворои ин чорабинии муҳим изҳори миннатдорӣ кард. Нигораҳои Тоҷикистон иборат аз маҳсулоти корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ, ширкатҳои Тоҷикистону Чин ва ғайра мебошанд. Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ярмаркаҳои якум ва дуюми ЭКСПО «Чин – АвруОсиё – 2013», ки мутаносибан солҳои 2011 ва 2012 дар шаҳри Урумчи баргузор гардида буданд, созишномаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба маблағи 12 миллиард доллари ИМА имзо шуда буданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






