Вазъи «Бешаи палангон»-ро вакилон баррасӣ намуданд
Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазъи экологии мамнуъгоҳи табии давлатии «Бешаи палангон» ва омӯзиши корҳои барқарорсозӣ ва ҳифзу ҳимояи ҷангалзор аз буриши ғайриқонунӣ ва сӯхтор зимни ҷаласаи комиссияи сайёри экологии палатаи поёнии Парлумони мамлакат дар ноҳияи Ҷилликул матраҳ гардид. Ҳадафи нишаст баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, иштироки мардум дар ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ҷиҳати ба таври самаранок истифода бурдани арзишҳои муҳити зист аст, гуфт Маҳмадшариф Ҳақдодов-раиси комиссияи экологии Парлумони мамлакат. Бадриддин Садриддинов-вакили Маҷлиси намояндагон зимни гузориши худ гуфт, ки масоили экологӣ имрӯз яке аз муҳимтарин афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, хукумати мамлакат дар масъалаи ҳифзи муҳити зист ва пешгирии офатҳои экологӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Қабули «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019», ки он ҳуҷҷати асосии давлат- муайянкунандаи самтҳои асосии рушди устувори ҷомеа, таъмини мувозинати захираҳои солими ҷомеа, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин роҳҳои барқарорсозии фазои экологии вайроншуда ба шумор меравад, яке аз ин тадбирҳост. Дар ҷаласа, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат, намояндагон ва масъулини вазорату ниҳодҳои марбутаи мамлакат иштирок доштанд, доир ба масъалаҳои мазкур табодули назар намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






