Вохӯрӣ бо ҷоизадорони Универсиада
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Тавре ки аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нимаи аввали санаи 4 сентябри соли равон бо ташаббуси Намояндагии ҳамкориҳои русиягӣ дар Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Сафорати Русия ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиши аксҳо ва вохўрӣ бо иштирокчиёни 27- умин Универсиадаи умумиҷаҳонии донишҷӯён доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбари Намояндагии ҳамкориҳои русиягӣ дар Тоҷикистон Курнушко Владимир Олегович, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, раиси Ассотсиатсияи донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Каримова ва ҷоизадорони Универсиада суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомад намоиши иштироки варзишгарон дар Универсиада сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки 27-умин Универсиадаи умумиҷаҳонии донишҷӯён аз 6 то 17 июли соли 2013 дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия баргузор шуда, дар он 13000 варзишгар аз 172 кишвар аз рўи 27 намуди варзиш ширкат варзиданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 79 нафар варзишгар аз рўи 11 намуди варзиш ширкат варзид. Дар маҷмуъ варзишгарони тоҷик соҳиби 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) гардиданд. Абдуазим Бойназаров дар вазни 68 кг ҷои 2, Алибердизода Ибодулло дар вазни 62 кг ҷои 3 ва Гуландом Қарабоева дар вазни 76 кг ҷои сеюмро ишғол намуданд. Аз рӯи намуди камарбандӣ Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ҷои 2 ва Нусратшоҳ Имомов дар 74 кг ҷои сеюмро дар намуди гўштини самбо сазовор гардиданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






