Вохӯрӣ бо машваратчиёни Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) хабар доданд, 5 сентябри соли 2013 дар АНМН вохӯрии муовини директори агентӣ Бунафша Одинаева бо машваратчиёни Иттиҳоди Аврупо Карен Мак Хю ва Роҳила Нурбоева баргузор гардид.Мақсади асосии ташрифи меҳмонон аз гузаронидани баҳодиҳӣ ба давраи 8-уми Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ёрӣ расонидан дар идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА), инчунин аз ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои барномаи мазкур дар ҳудуди кишвари мо иборат мебошад, ки марҳила давраи аз июни соли 2011 то июни 2014-ро дар бар мегирад. Дар вохӯрӣ Б. Одинаева ба машваратчиён оид ба фаъолияти муштараки АНМН бо дигар вазорату идораҳо, ки ба пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар байни аҳолии кишвар равона шудааст, маълумот дод. Инчунин ӯ зикр намуд, ки дар заминаи хадамоти кинологии агентӣ бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо Маркази таълимии байниидоравии кинологӣ кушода шуд, ки дар он дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, инчунин кормандони идораҳои зиддимухаддиротии ҶИА ва дигар давлатҳои минтақа дарс омӯхта, тахассуси касбии худро баланд бардоштанд.Карен Мак Хю барои ҳамкории АНМН ва БОМКА дар амалисозии барнома дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дод. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ изҳори ақида карданд. Барномаи БОМКА аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз тариқи Барномаи Рушди СММ амалӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






