Вохӯрии натиҷабахш
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Чанде пеш дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии устодон бо донишҷӯёне, ки дар донишкада тибқи квотаи президентӣ таҳсил доранд, баргузор гардид. Муовини ректор оид ба тарбия Лутфия Эшонҷонова ҳадафи вохӯриро чунин матраҳ намуд, ки он барои шиносоӣ бо донишҷӯён ва бо дастурамалҳову тавсияҳои гуногун ошно намудани онҳо баргузор мешавад. Зайниддин Бурҳонов, ҷонишини раиси КИ ибтидоии «Молия ва иқтисод»-и ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва мудири кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносӣ гуфт, ки ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои ҷавонони соҳибистеъдод як навъ ғамхории ҳимматбаландонаву падарона ва бевоситаи Сарвари давлатро нишон медиҳад, ки тибқи он ҷавонони имконияти молиявиашон маҳдуд метавонанд дар муассисаҳои олии таълимии кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб шаванд. Мавсуф ҷавононро ба ҳушёрии сиёсӣ хонда, аз гаравидани онҳо ба равия ва гуруҳҳои экстремистӣ ҳушдор дод. Ёдовар мешавем, ки дар айни ҳол дар донишкада 70 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ таҳсили илм дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






