Заминҳои Тоҷикистон аз мина пурра тоза мешаванд
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси дурӯза таҳти унвони «Фаъолияти башардӯстонаи безарарсозии минаҳо дар Тоҷикистон: тадбирҳои ниҳоӣ» ба кори худ оғоз кард. Дар кори конфронс вазири адлия, муовини Комиссияи миллӣ оид ба татбиқи ҳуқуқҳои байналмилалӣ Рустам Менглиев, Намояндаи Доимии СММ дар ҶТ Александр Зуев, Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа, иҷрокунандаи атташеи ҳарбии Сафорати ИМА Марк Хендӣ, ҳамоҳангсози Барномаи мушкилоти минаҳо Лука Бухин ва дигарон иштирок доранд. Дар конфронс масъалаҳои «Соҳибияти миллӣ ва иҷрои моддаи 5 Конвентсияи Оттава», «Пешравиҳо дар соҳаи ҷалби донорҳо», «Равобити минтақавӣ ва байналмилалӣ» муҳокима мегарданд. Тавре ки зикр гардид, аз соли 2003 то инҷониб 161 майдони минадор дар 14 ноҳияи кишвар дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи марказӣ зери тадқиқоти техникӣ ва поксозӣ қарор дода шудааст. Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо нақша дорад дар соли 2013 тадқиқоти ғайритехникиро идома дода, ҳадди аққал 20 майдони хатарнокро пок сохта супорад, инчунин тамоми меъёрҳои миллиро оид ба амалиёти минаҳо такмил диҳад. Иштирокчиёни конфронс ният доранд дар ду рӯз масъалаҳои мавҷударо баррасӣ карда, пешниҳод кунанд, ки то соли 2020 Тоҷикистон пурра аз минаҳо тоза карда шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






