1016 метр роҳи марказии Ҳамадонӣ таъмир гардид
Ҳамадонӣ, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Кормандони Корхонаи давлатии фаръии манзилию коммуналии ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамарӯза бо ҷалби 50 нафар коргар ва ҳафт техникаи соҳавӣ миқдори зиёди партовҳоро аз қаламрави ноҳия берун мебароранд. Дар айни замон корхонаи мазкур бо 300 нафар сокинон ва 40 корхонаю ташкилот барои кашонидани партов шартнома бастааст. Соли ҷорӣ барои корхонаи давлатии фаръии манзилию коммуналӣ бинои наву замонавӣ сохта шуд.Ба гуфти роҳбари корхона мушкилоти асосии фаъолияти онҳо набудани техникаи муосири соҳавӣ мебошад ва бо дастрас гардидани чунин техникаҳо кори онҳо хеле осон мешавад. Аз ҷониби кормандони хоҷагии коммуналӣ бо маблағгузории ҳокимияти давлатии ноҳия 1016 метр роҳи марказӣ ва 210 метр роҳи пиёдагард таъмир шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






