Қитъаи замин барои муҳоҷирони дохилӣ
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Барои муҳоҷирони дохилӣ (ихтиёрӣ) дар соли 2013 қарзи имтиёзнок ба маблағи 2 млн. 695 ҳазору 971 сомонӣ ва барои интиқоли онҳо 1 млн. 145 ҳазору 122 сомонӣ, дар маҷмуъ 3 млн. 841 ҳазору 093 сомонӣ пешбинӣ гардид. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба 601 оилаи муҳоҷири дохилӣ барои сохтмони манзил қитъаи замин ҷудо гардид ва онҳо дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шуданд, ки ин 91%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора дар давраи ҳисоботӣ ба 591 оилаи муҳоҷири дохилии дар соли 2013 кўчонидашуда, 1 млн. 773 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок тавассути шуъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои пардохт интиқол дода шуд. Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, инчунин ба 399 оилаи муҳоҷири дохилии кўчонидашуда дар соли 2012 дар ҷумҳурӣ қарзи имтиёзнок ба миқдори 598 ҳазору 500 сомонӣ барои пардохт интиқол дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






