Қобилияти кории 1068 нафар маъюб барқаррор гардид
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Бо мақсади таъмини шаффофият ва аз байн бурдани ҳолатҳои беасос муқаррар намудани гуруҳи маъюбӣ, пешгириву бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти шуъбаҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, минтақаи Рашт (ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Тавилдара ва Ҷиргатол) санҷишҳо гузаронида шуданд. Дар ин давра барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ — 24059 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки дар муқоиса нисбат ба нуҳ моҳи соли 2012-ум 3401 нафар коҳиш ёфта, ба 22 538 нафар гуруҳи маъюбӣ муқаррар карда шудааст. Аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 7282 нафар бори аввал муроҷиат намудаанд, ки ба 6732 нафари онҳо гуруҳи маъюбӣ муқаррар гардид. Аз сабаби надоштани аломатҳои маъюбӣ ба 550 нафар муроҷиаткунандагон гуруҳи маъюбӣ муқаррар карда нашуд, ки ин аз баландшавии сифати ташхиси тиббию иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






