Қочоқчӣ ҷазои сазовор гирифт
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муборизаи мақсаднок ва оштинопазир бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти рӯзмарраи кормандони мақомоти амнияти миллӣ маҳсуб меёбад. Қочоқи маводи нашъаовар ё ба ифодаи дигар «вабои аср» — ба амнияти ҳар як давлат, марзу буми он, генофонди миллӣ, насли солим, суботи комил ва рушду тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дорад.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки моҳи сентябри соли равон кормандони Гуруҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон силсилаи амалиётро анҷом дода, аз қочоқчиён 73,4 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла 72,5 килограмм бангдона ва 940 грамм ҳашиш мусодира намуданд.
Чунончи, амалиёти вижа 18-уми сентябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон гузаронида шуд. Дар ҷараёни он аъзои гуруҳи муташаккили фаромиллии нашъаҷаллоб таҳти сарварии қочоқчии дар олами ҷиноӣ маълум Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар, соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Кагнии улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон ба кормандони мақомот муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кӯшиши аз ҷойи ҳодиса фирор намуданро карданд. Ҳангоми задухӯрд сарвари қочоқчиён Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар безарар гардонида шуд. Аъзои дигари гуруҳ Амридин валади Худоёри 30-сола аз пояш ҷароҳат бардошта, бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон паноҳ бурд. Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ҷасади Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар, 1 адад автомати Калашников, 5 адад тирдон бо 137 дона тир, 2 телефони мобилӣ, 1 борхалтаи полиэтилинӣ бо 12 килограмму 500 грамм бангдона, 1 ҷуфт мӯзаи резинӣ дарёфт ва мусодира гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки аъзои гуруҳи муташаккили фаромиллии нашъаҷаллоби Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар қаблан низ якчанд маротиба ба убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои вазнин даст зада буд. Аз ҷумла, моҳи январи соли равон онҳо дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳангоми интиқоли маводи мухаддир тавассути марзи давлатии Афғонистону Тоҷикистон ба сарҳадбонон зиддияти шадиди мусаллаҳона нишон доданд. Дар натиҷаи он задухӯрд сарбози қисми низомии СҚС Қозизода Фахриддини 19-сола, ки баҳри ҳимояи марзу буми Ватан аз ноҳияи Мастчоҳ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд, ҳалок гардид.
Ниҳоят ҳақ ба ҳақдор расид. Қочоқчии ғаддор дар симои Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар, ки бо нияти душманона силоҳ дар даст ба марзи давлатии Тоҷикистон ҳуҷум карда, аз тири ӯ сарҳадбони тоҷик Қозизода Фахриддин ба ҳалокат расида буд, ҷазои сазовори худро гирифт.
Ҳолати дигари қочоқи маводи мухаддир аз тарафи ин дастаи ҷиноятпеша моҳи май ба қайд гирифта шуда, дар ҷараёни амалиёт 13 килограмм бангдона ва 1 килою 900 грамм ҳашиш мусодира гардид.
Зимни тафтишоти пешакии ҳодисаи мазкур алоқаи наздики Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар бо шаҳрванди ҶТ Маҳмадов Ҳабибулло Шерович, тахаллусаш «Ҳабиб паҳлавон», соли таваллудаш 1978, сокини кӯчаи Суғдиёни ш. Кӯлоб муайян карда шуд. Санаи 21 июли соли ҷорӣ номбурда бо Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар оид ба додугирифти маводи мухаддир маслиҳат анҷом доданд. Рӯзи 18-уми август ҳангоми баргузории амалиёт кормандони мақомоти амният дар мавзеи Оқкӯтали ҷамоати Чӯбеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ пинҳонгоҳи маводи мухаддирро ошкор намуда, аз дохилаш 1 килограмм героин, 4 килограмму 550 грамм ҳашишро мусодира карданд. Худи ҳамон рӯз шаҳрванд Маҳмадов Ҳабибулло боздошт гардида, нисбат ба ӯ бо дастрасии моддаҳои 200, қисми 4, 289 қисми 2, ва 335 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфт.
Қочоқчӣ Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳамадназар ҳамчунин аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон барои иштирок дар содир кардани куштори яке аз ашхоси бонуфузи улусволии Дарқади вилояти Тахор Маҳмадҷон валади Сариолам муттаҳам дониста шудааст.
Дар айни замон нисбат ба қазияҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






