«Қуллаи шараф» бренди солро муайян мекунад
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Ҷаласаи нахустини ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» вобаста ба муайян намудани бренди сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баррасии фаъолияти минбаъдаи ҳакамон 17 октябр бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода баргузор гардид. Раисии ҳайати ҳакамонро вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Дар ҷаласаи мазкур тибқи маълумоти директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Ҷамшед Қурбонов дар ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур 53 ариза аз ширкатҳои дохиливу хориҷӣ ворид гардидааст.
Дар ҷаласа аъзои тозаинтихоби ҳайати ҳакамон масъалаҳои баҳсталабро вобаста ба баҳодиҳӣ ва муайянсозии ғолиб мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ҷониби намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» посухҳои зарурӣ дода шуд.
Натиҷаи озмуни мазкур дар аввали моҳи декабри соли 2013 ҷамъбаст мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи давлатии патентию техникӣ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






