Қурби доллари ИМА тамоюли пастшавӣ дошт

Октябрь 25, 2013 09:48

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Дар давоми ҳафта дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари ИМА тамоюли пастшавӣ дошта, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8790 — 4,8980 сомонӣ қарор гирифт.  Қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро андаке афзуда, мувофиқан ба 0,1518-0,1528 ва 6,5640-6,5650 сомонӣ баробар шуданд. 24 октябр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,8800-4,9000 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 4,8900-4,9000 сомонӣ ва шаҳри Қурғонтеппа 4,8800-4,8900 сомониро ташкил дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Октябрь 25, 2013 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш