Ҳайати Ҳиндустон дар ПСС ҶТ
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 22 октябр муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар Лариса Кислякова дар шаҳри Душанбе бо роҳбари ҳайати Ҳиндустон Директори генералии ширкати «Ирсол Индия PVT Ltd» Персес Билимория мулоқот анҷом дод. Назар ба хабари маркази матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо дар мавриди содироту воридоти байни Ҳиндустону Тоҷикистон мубодилаи афкор намуда, самтҳои ҳамкории минбаъдаро дар бахши воридоти пахта, сангҳои қиматбаҳо, асал, меваи хушк, ҳамчунин содироти маҳсулоти нассоҷӣ, дорувор, либос ва техникаи кишоварзии Ҳиндустон муайян карданд.Лариса Кислякова аз фаъолияти палата ва самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз қабили саноати коркарди ашёи хом, аз ҷумла, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пӯсту пашм, нақл кард.Мусоҳибон дар анҷоми мулоқот перомуни усулҳои имконпазири ҳамкорӣ сухан ронданд. Пешниҳод шуд, ки бо мақсади бо маҳсулоти мухталифи корхонаҳои Ҳиндустон шинос шудани харидорони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Хонаи савдои Ҳиндустон кушода шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






