Ҳайати Ҳукумати Малайзия ба Душанбе меояд
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз, 24 октябр, намояндаи махсуси Раёсати назди Сарвазири Ҳукумати Малайзия оид ба кишварҳои Ҳиндустон ва Осиёи Ҷанубӣ Дато Сери Утама Саму Веллу барои иштирок дар маросими имзои шартномаи консессияи маркази гармидиҳии «Шӯроб» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «HOS International Trading SDN BHD» ба шаҳри Душанбе меояд.25 октябр мулоқоти Дато Сери Утама Саму Веллу бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири энергетика ва саноати ҶТ, Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон баргузор мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






