Ҳайати КД АБ ИДМ ба Нораку Ҳисор мераванд
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии /АБ/ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба масоили сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Ҳайати парлумонҳои ИДМ, ки иборат аз 14 нафар аст, шоми имрӯз таҳти роҳбарии Хачика Арутунян ба Душанбе меояд. Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов-котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон- ҳайати Комиссияи доимии АБ ИДМ -ро фардо Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон ба ҳузур мепазирад. Ҳамзамон баъди ҷаласаи Комиссияи мазкур дар нимаи дуюми 3 октябр баргузории семинари байналмилалӣ дар мавзӯи «Қонунгузорӣ ҷиҳати танзим ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти эътино ба офат» дар назар аст, ки созмондиҳандагони он Комиссияи доимии АБ ИДМ ва Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мебошанд. Намояндагони Парлумонҳои ИДМ дар доираи сафарашон ба Тоҷикистон ҳамзамон аз шаҳри Норак ва Қалъаи бостонии Ҳисор боздид менамоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






